Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Русия


Ҳизби Русияи Воҳид ғолибан дар интихоботи порлумонӣ пирӯз хоҳад шуд, аммо дастоварди интихоботи гузаштаро нахоҳад дошт, зеро ҳимояти мардум аз он кам шудааст. Бо шумориши 96 дар сади баргаҳои раъй, Кумиссиёни Марказии Интихоботи Русия эълом кард, ки Ҳизби Русияи Воҳид аз ҳисоби 450 курсии порлумон, зоҳиран 238 курсиро соҳиб хоҳад шуд. Дар гузашта ин ҳизб 315 курсии порлумонро дар ихтиёр дошт. Ҳизби Коммунисти Русия дар мақоми дуввум аст ва шояд 92 вакилаш ба порлумон роҳ ёбанд. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия коҳиши ҳимоят аз Ҳизби Русияро воҳидро аломати “рӯҳияи ҷомеа” хонд ва нахуствазир Владимир Путин натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанберо, “натиҷаҳои олӣ дар замони мушкил” номид. Ӯ ҳамчунин гуфт: “Бо такя ба ин натиҷаҳо мо метавонем, рушди муназзами кишвари худро таъмин кунем.” Аҳзоби мухолифи Русия мегӯянд, интихобот бо тақаллубкории зиёд баргузор шудааст. Интихоботи порлумонӣ, имтиҳони ҷиддие барои Владимир Путин дониста мешавад, ки қарор аст, моҳи март дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад ва ба эҳтимоли ғолиб дигарбора раиси ҷумҳури Русия шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG