Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нишонае вуҷуд надорад, ки Эрон ҳавопаймои ҷосусиро зада бошад"


Мақомоти амрикоӣ хабари сарнагунии як ҳавопаймои бидуни сарнишини ин кишвар аз сӯи Эрон рад карданд.

Рӯзи якшанбе расонаҳои эронӣ ба нақл аз як мақоми огоҳи низомӣ эълом карданд, ки як фарванди ҳавопаймоӣ бидуни сарнишини амрикоӣ тавассути нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар шарқи ин кишвар сарнагун шуд.

Ин мақоми эронӣ навъи ин ҳавопайморо “RQ-170”эълон кард ва гуфт: “Бар асоси охирин хабарҳои дарёфтӣ аз шарқи кишвар, ин ҳавопаймои бидуни сарнишин сарнагун шуда бо андаке хисорот инак дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумуҳурии Исломии Эрон қарор гирифтааст.»

Дар вокуниш ба ин хабар, як мақоми амрикоӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кардааст, ба хабаргузории Ройтерз гуфт : «То ин лаҳзаҳо ҳеҷ нишонае аз ин, ки эрониҳо ин ҳавопайморо сарнагун карда бошанд, вуҷуд надорад.»

Дар ҳамин рӯз нерӯҳои НАТО дар Афғонистон эълом карданд, ки ин ҳавопаймо мумкин аст мутааллиқ ба нерӯҳои амрикоӣ бошад. Нерӯҳои байналмилалӣ дар баёнияи худ мегӯяд, ки «ҳавопаймои бидуни сарнишине, ки эрониҳо ба он ишора мекунанд, мумкин аст як ҳавопаймоӣ шиносоии бидуни сарнишини амрикоӣ бошад, ки авохири ҳафтаи гузашта дар ғарби Афғонистон парвоз дошт.»

Дар ин баёнияи нерӯҳои байналмилалӣ омадааст: «Ҳидояткунандагони ин ҳавопаймои бидуни сарнишин контроли ин ҳавопайморо аз даст доданд ва дар ин муддат машғули таъйини мавқеияти он буданд.»

Ҳавопаймоҳои родоргурези RQ-170, ки танҳо дар ихтиёри ИМА аст, бинобар гузоришҳои "Wаshington Post" дар парвозҳои шиносоии маҳалли пинҳоншудаи Усома бин Лодин дар Покистон нақши муҳиме доштаанд.
XS
SM
MD
LG