Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Думаи давлатӣ: 90 дар сади баргаҳо шумурда шуданд


Владимир Чуров
Владимир Чуров
Комиссиюни марказии интихоботии Русия хабар дод, ки то cоати 7-и субҳи лушанбе 90 дар сади баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихобот ба Думаи давлатӣ баршумурда шудаанд.

Айни ҳол ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” андаке бештар аз 50 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Ҳизби коммунисти Русия беш аз 19 дар сад, “Русияи боадолат” 13 дар сад ва ҳизби либерал-демократӣ 11,5 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.

Шоми дирӯз Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ки дар садри рӯйхати “Русия воҳид” қарор дорад, ба зарурати таъсиси эътилоф бо дигар аҳзоб таъкид кард. Ва аммо ҳизби комунисти Русия эълом дошт, ки бо “Русия воҳид” эътилоф нахоҳад кард. Ду ҳизби боқимондаи парлумонӣ ҳамкорӣ бо ҳизби ҳокимро байид намедонанд.

Раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский аз қонуншиканиҳо дар интихобот шикоят кард ва ҳадс зад, ки шояд ҳамин рӯз ҷонибдоронаш ба нишони эътироз ба хиёбонҳо бирезанд. Бархе аз нозирони байнулмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия интихоботро ғайридемократӣ ва ғайриодилона номиданд.

Раиси Комиссиюни марказии интихоботии Русия Владимир Чуров изҳор намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот охирҳои ҳафта эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG