Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Италия чораҳои фавқулоддаро пазируфт


Марио Монтӣ

Марио Монтӣ

Ҳукумати Италия шоми дирӯз баъд аз баррасии сесоата чораҳои фавқулоддаи коҳиши масрафоти давлатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодро пазируфт.

Марио Монтӣ, нахуствазири Италия гуфт, ки дар барномаи иқтисодии ҳукумат, аз ҷумла, муборизаи шадид бо сарпечӣ аз пардохти молиёт пешбинӣ шудааст.

Қарор аст, ки имрӯз Монтӣ ин барномаро ба парлумони Италия пешниҳод кунад. Ахиран нахуствазири Италия дар як мулоқот гуфт, ки аз маоши худ даст мекашад ва маблағи онро барои мубориза бо бӯҳрони қарз дар кишвар равона мекунад.
XS
SM
MD
LG