Пайвандҳои дастрасӣ

Солеҳӣ аз ҳамла ба сафорати Бритониё "мутаассиф" аст


Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, аз ҳамла ба сафоратхонаи Бритониё дар Теҳрон изҳори таассуфи амиқ кард.

Дар сӯҳбат бо вазири умури хориҷии Олмон Гидо Вестервелле дар шаҳри Бонн Солеҳӣ изҳор намуд, ки кишвараш барои дар оянда такрор нашудани ин гуна ҳодисаҳо аз ҳама чораҳо кор мегирад. Алӣ Акбар Солеҳӣ барои ширкат дар конфаронси Бонн оид ба Афғонистон вориди Олмон шуд.

Мақомоти Бритониё баъд аз ҳамла ба сафорати кишвар дар Теҳрон дипломатҳои худро аз Эрон берун оварда, сафорати Эрон дар Лондонро бастанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки дар шарқи кишвар як ҳавопаймои ҷосусии бесарнишини Амрико суқут кардааст. Хабаргузории нимарасмии Форс хабар дод, ки ҳавопаймои амрикоии RQ-170 аз сӯи нирӯҳои Эрон мусодира шудааст. Ба гуфтаи низомиёни НАТО, ин шояд ҳавопаймои бидуни сарнишине бошад, ки ҳафтаи гузашта аснои парвозаш дар қаламрави Афғонистон робита бо он қатъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG