Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср марҳалаи дуввуми интихобот шурӯъ мешавад


Имрӯз дар Миср марҳалаи дуввуми интихоботи парлумонӣ шурӯъ мешавад.

Дар марҳалаи аввал аҳзоби исломии кишвар 65 дар сади раъйҳоро соҳиб шуданд. Ба иттилои расмӣ, Ҳизби озодӣ ва адолат, ки аз созмони “Ихвон-ул-муслимин” намояндагӣ мекунад, ба дарёфти беш аз 36-у ним ва ҳизби “Салафӣ ал-Нур” ба дарёфти тақрибан 24-у ним дар раъйҳо муваффақ шуданд. Аз ҳизби либералии Миср қариб 13-у ним дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.

Амр Мусо, яке аз довталабони аслии мақоми раисиҷумҳури Миср изҳор намуд, ки мақомот бояд пирӯзии аҳзоби исломиро эътироф кунанд.

Марҳалаи сеюми интихоботи парлумонии Миср авоили моҳи январ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG