Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Сергей Удалтсов дар Маскав


Сергей Удалтсов (Акс аз бойгонӣ)

Сергей Удалтсов (Акс аз бойгонӣ)

Сергей Удалтсов, як раҳбари мухолифини Русия имрӯз дар Маскав, дар роҳи ба сӯи эътирозе, ки ба таҳрими интихоботи имрӯзаи маҷлиси поёнии парлумони Русия даъват мекард, боздошт шудааст. Дар Майдони сурх боз дастикам 12 узви Ҷабҳаи чапи Удалтсов бо ҷурми баргузории раҳпаймоии “ғайриқонунӣ” дастгир шуданд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Русия интихоботи 450 узви ҷадиди Думаи давлатӣ идома дорад. Бар асоси назархоҳиҳо, ҳизби ҳокими Русияи воҳид аксарияти ороро ҳифз мекунад, вале дигар аксарияти конститутсиониро нахоҳад дошт. Интизор меравад, аҳзоби коммунист, либерал-демократ ва Русияи боадолат низ ба Дума роҳ биёбанд. Аҳзоби мухолиф мегӯянд, интихобот одилона нест ва натоиҷаш ба фоидаи ҳизби ҳоким дасткорӣ хоҳад шуд. Дар ин рӯз чанд сомонаи мустақиле, ки дар бораи ҷараёни интихобот гузориш медод, аз ҷумла Голос, Эхо Москви, Новое время ва Карта нарушений ҳадафи ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифта, аз кор монд.
XS
SM
MD
LG