Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии аҳзоби исломӣ дар интихоботи Миср


Амр Мӯсо
Амр Мӯсо
Амр Мӯсо, як номзади умда ба мақоми раёсатмҷумҳурии Миср гуфт, пирӯзии исломиҳо дар даври аввали интихоботи парлумониро бояд чун демократияи дар амал пазируфт. Ихвонулмуслимини Миср ҳам аз рақибонаш хостааст, то “иродаи мардумро бипазиранд.” Дар даври аввал ҳизби ихвонии Озодӣ ва Адолат пешсаф буда, салафиҳо дар мақоми баъдианд ва либералҳо – танҳо дар ҷои сеюм. Бар асоси шумориши расмӣ, Озодӣ ва Адолат 36,6 фоиз, ҳизби Ал-Нури салафиҳо 24,4 дарсад ва эътилофи либералҳои Миср 13,4 дарсад ҳимояти мардумро ба даст овардаанд. Ҳизби либерали Вафд 7,1 фоиз, ҳизби мӯътадили исломии Васат 4,3 дарсад ва ҳизби ҷавонон бо номи Инқилоб идома дорад, 3,5 фоиз раъй гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG