Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Дума - "имтиҳони калидӣ" барои Путин


Интизор меравад, ҳизби "Русияи воҳид" дар ин интихобот боз ҳам аксари курсиҳои Думаро ба даст биорад.

Интихоботи 450 вакили ҷадиди Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии порлумони Русия дар ҳоле мегузарад, ки ҳизби "Русияи воҳид"-и Владимир Путин ба коҳиши мизони ҳимояташ дар байни мардум рӯбарӯ шудааст.

Интизор меравад, "Русияи воҳид" ё "Единая Россия" дар ин интихоботи ҳамроҳ бо таъқиби нозирон ва шикоёт дар бораи ҳазорон мавриди тахаллуф боз ҳам аксари курсиҳои Думаро ба даст биорад, вале ғолибан аксарияти курсиҳои конститутсионии феълан доштаашро аз даст хоҳад дод.

Ҳудуди 110 миллион мардуми соҳиби ҳаққи раъй вакилони Думаро аз байни номзадҳои 7 ҳизб интихоб мекунанд. Ин раъйгирӣ як имтиҳони калидӣ барои Путин аст, ки дар интихоботи моҳи марти раёсатҷумҳурии моҳи март мехоҳад ба мақоми раҳбари аввали Русия баргардад.

Пулис нагузошт, ки мардум вориди Майдони Сурх шаванд...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
Линки мустақим

Мизони ҳимоят аз Путин, бо вуҷуди рӯ ба коҳиш оварданаш, дар давру бари 60 дарсад боқӣ мемонад. Аммо бо вуҷуди пойин рафтани эътибори ҳизби ҳоким, ваъдаи Путин ба ҳифзи субот ва ҳукумати мушти зӯр ҳамчунон дар байни мардум тарафдори зиёд дорад. Сергей, як нафақахӯри 80-сола дар роҳ ба сӯи қитъаи раъйгирӣ дар маркази Маскав гуфт: “Ман тарафдори Русияи воҳидам, то ҳама чиз собит боқӣ бимонад. Ман ҳамеша ба онҳо раъй медиҳам. Чунки ин ба мо субот медиҳад.”

Владимир Путин
Владимир Путин
Аммо бисёриҳо дар Русия бар ин назаранд, ки интихобот бо тақаллуби зиёд хоҳад гузашт ва давлат барои ҳифзи Русияи воҳид дар қудрат аз пули буҷа фаровон истифода бурдааст.

Дар рӯзи интихобот чандин расонаи мустақил дар Интернет ҳадафи зоҳиран ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифта, масдуд шуданд. Асосан торнамоҳое, ки дар бораи ҷараёни интихобот гузоришҳои мустақил медоданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифта, аз кор мондани онҳо матбуоти таҳти назорати давлати Русияро ба яке аз манобеъи умдаи ахбор дар бораи ҷараёни раъйгирии 4 декабр табдил дод.

Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо торнамои “Голос”, ки дар бораи мавориди тахаллуфоти интихоботӣ гузориш медод, ҳамчунин вебсайтҳои расонаҳои “Эхо Москви”, “Новое время”, “Болшой город”, slon.ru, publicpost.ru ва ҳам сомонае, ки бо айни ном харитаи тахалллуфоти интихоботиро нашр мекард, аз кор мондааст. Сомонаи бахши русии Радиои Озодӣ то зӯҳри 4 декабр зоҳиран фақат ба шарофати барномаи қавии зиддиҳакериаш фаъол боқӣ монда буд.


Алексей Венедиктов, сардабири “Эхо Москви” гуфт: “Ҳамла ба ин сомона дар рӯзи интихобот яқинан ба қасди мамониат ба нашри иттилоъ дар бораи тахаллуфот рабт дорад.”

Владимир Путин ҳафтае пеш дар анҷумани ҳизби Русияи воҳид созмонҳоеро, ки аз Ғарб таъмини молӣ мешаванд, ба талоши эҷоди бесуботӣ дар Русия айбдор карда буд. Дар остонаи интихобот созмони “Голос”-ро, ки қисман бо кумаки ИА амал мекунад ва то имрӯз беш аз 5000 мавриди тахаллуфоти интихоботиро сабт кардааст, бо як баҳонаи ночиз 30 000 рубл ҷарима бастанд.

Шоми ҷумъа телевизиони НТВ, ки ба ширкати “Газпром” тааллуқ дорад, аз ин созмон тунд интиқод кард ва рӯзи шанбе раиси “Голос” Лиля Шибановаро дар фурудгоҳ барои 12 соат нигоҳ дошта, лаптопашро мусодира карданд.

Кормандони “Голос” мегӯянд, ҳадаф аз таъқиби мақомот латма задан ба эътибори кори онҳо дар амри пайгирии ҷараёни интихобот аст.
Тавре ба назар мерасад, аксари мардум аз рӯ задани аломатҳои ҳукмронии худкома ва таҳдиди боди рукуд бар осмони Русия, ки инак, 12 сол боз лаҷоми қудраташ амалан дар дасти Путин аст, хаста шудаанд. Олга, коргари 36-солаи як ширкати хусусӣ дар Маскав мегӯяд, дар интихоботи қаблии Дума ширкат накард, вале ин бор ҳисси нафраташ ба ҳизби ҳоким ӯро водор ба ширкат кардааст: “Ман шояд ба “Яблоко” овоз диҳам. Медонам, ки гузаштани онҳо баъид аст, вале танҳо барои онки ба Русияи воҳид овоз надиҳам.”

Назарсанҷиҳо ҳокист, ки ба ҷуз аз Русияи воҳид, ҳизби либерал-демократи Владимир Жириновский, ҳизби коммунисти Геннадий Зюганов ва ҳизби Русияи боадолати Сергей Миронов ба ҳайъати ҷадиди Думаи давлатии Русия роҳ хоҳанд ёфт. Шонси 3 ҳизби дигар – “Яблоко”-и Григорий Явлинский, “Правое дело” ва “Патриотҳои Русия” дар ҳадди “ё-ё”-ст, яъне шояд гузаранд ва шояд на.
XS
SM
MD
LG