Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон 2 афсари амниятӣ ва 5 силоҳбадаст кушта шудаанд. Мақомот ин гурӯҳро, ки бовар меравад, марбут ба як созмони ифротӣ бошад, шоми шанбе дар як манзил дар шаҳраки Боралдай иҳота карданд. Сухангӯи додситонии Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов гуфт, ки ҷангиён муқовимат нишон дода, дар ҷараёни задухӯрд кушта шуданд. Мақомот ин афродро дар қатли ду пулис дар таърихи 8 ноябр ва таҳияи ҳамлаҳои нав дар Алма-Ато гумонбар медонистанд.
XS
SM
MD
LG