Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳерман Кейн аз корзори интихоботи Амрико хориҷ шуд


Ҳерман Кейн
Ҳерман Кейн
Дар Амрико боз як довталаб аз корзори интихоботи соли ояндаи раёсати ин ҷумҳурӣ хориҷ шуд. Ҳерман Кейн, як тоҷири собиқи питса, барои касби номзадӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ мубориза мебурд. Аммо ӯ ба маҳзи ҳадсу гумонҳое ки пиромуни бадрафториҳои ҷинсии ӯ бархост, аз сабқат берун шуд. Кейн гуфт, ба хотири ҳимоят аз оромии аҳли хонаводааш аз идомаи мубориза даст мебардорад. Ҳерман Кейни сиёҳпӯст бо барномаи 9-9-9-аш, ки то 9 дарсад коҳиш додани молиёти фоидаву фурӯш ва сӯди ширкатҳоро дар назар дошт, маъруфият пайдо карда буд, вале дар як моҳи охир эътибори ӯ башиддат пойин рафт.
XS
SM
MD
LG