Пайвандҳои дастрасӣ

Шонси пирӯзии мухолифин дар Хорватия ва Словения


Имрӯз дар Хорватияву Словения – ду кишвари Югославияи собиқ – интихоботи парлумонӣ идома дорад. Интизор меравад, интихобот дар ҳарду кишвар бо шикасти аҳзоби ҳоким тамом шавад. Иллати коҳиши эътибори ҳокимони кунунии Хорватияву Словения якест - асароти буҳрони молӣ. Бар асоси назарсанҷиҳо, дар Хорватия, ки аз соли 2013 ба ИА мепайвандад, шояд эътилофи мухолифин ба раҳбарии Зоран Миланович аз ҳизби сотсиал-демократ баранда шавад. Аммо сотсиал-демократҳои Словения баръакс имрӯз шояд дучори шикаст шаванд ва раҳбари ҳизб Борут Паҳор сарвазириро аз даст диҳад. Словения узви минтақаи еврост ва буҳрони қарзҳои ин минтақа алакай мунҷар ба тағйири ҳукуматҳо дар Португалияву Юнон ва Итолиёву Испания шуд.
XS
SM
MD
LG