Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди тунди оятуллоҳ Хотамӣ аз ҳамла ба сафорат


Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ

Як рӯҳонии аршади Эрон ҳамлаи садҳо эътирозгари тарафдори режими Ҷумҳурии исломӣ ба сафорати Бритониёро ба боди тунди интиқод кашид ва онро “ғайримашрӯъ” хонд. ИСНО аз қавли оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ овардааст, ки мегӯяд, ӯ “сароҳатан мухолифи ҳамла ба сафоратҳо ва ишғоли онҳост.” Ба эътиқоди оятуллоҳ Хотамӣ, чунин ҳамалот назири “таҷовуз ба хоки кишвар” аст. Оятуллоҳ Хотамӣ, ки аз афроди наздик ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаист, то ҳол тундтарин вокуниш дар дохили Эрон алайҳи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи рӯзи сешанбе ба сафорат ва як таъсисоти дигари дипломатии Бритониё дар Теҳрон маҳсуб мешавад. Бритониё режими Эронро ба даст доштан дар ин ҳамлаҳо айбдор кард ва дар посух тамоми дипломатҳои Эронро ронд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG