Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Клинтон бо Гелонӣ


Юсуфризо Гелонӣ

Юсуфризо Гелонӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як тамоси телефонӣ бо сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ мавзӯъи ҳамлаҳои ахири НАТО-ро, ки 24 сарбози покистониро кушт, дар миён гузошт. Вазорати хориҷа мегӯяд, ки Клинтон бори дигар изҳори таслияти Амрикоро дар робита ба ҳалокати ин асокир расонд. Ҳалокати ин 24 сарбоз дар Покистон як мавҷи хашму ғазабро барангехт. Сӯҳбати телефонии Клинтон бо Гелонӣ дар остонаи анҷумани Бонн иттифоқ уфтод, ки дар он ояндаи Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Покистон ба далели ҳамлаҳои ҳавоии НАТО ин анҷуманро бойкот кардааст. Амрико ва НАТО ваъда додаанд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG