Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Думаи давлатӣ дар Русия идома дорад


Истиқрори нирӯҳои пулис дар Маскав дар рӯзи интихобот
Истиқрори нирӯҳои пулис дар Маскав дар рӯзи интихобот
Имрӯз дар Русия ҳайъати ҷадиди Думаи давлатӣ- маҷлиси поёнии парлумони ин кишварро интихоб мекунанд. Ҳудуди 110 миллион нафари соҳиби раъй аз байни номзадҳои 7 ҳизб бояд 450 вакили Думаро интихоб кунанд. Бар асоси назархоҳиҳо, ҳизби ҳокими Русияи воҳид боз ҳам аксарияти ороро ба даст хоҳад овард, вале инбор камтар аз 315 курсиеро, ки дар ҳайъати кунунии парлумон дорад. Интизор меравад, аҳзоби коммунист, либерал-демократ ва Русияи боадолат низ ба Дума роҳ биёбанд. Аҳзоби мухолиф мегӯянд, интихобот одилона нест, чунки мақомот бо пулу истифодаи фаровон аз телевизион аз Русияи воҳид ҳимоят мекунанд. Ба бовари мухолифин, ба хотири боло нишон додани орои бадастовардаи ҳизби ҳоким натоиҷи раъйгирӣ дасткорӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG