Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров раиси ҲСДТ интихоб шуд. Пушти дарҳои баста


Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раҳматилло Зоиров, ки аз замони ташкили ҲСДТ раҳбараш аст, барои боз як давраи нав раис интихоб шуд.

Дар шаҳри Душанбе бидуни ҳузури хабарнигорон анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) баргузор шуд. Дар анҷуман барномаи кори сотсиал-демократҳо барои 4 соли оянда ва Оинномаи нави ин ташаккули мухолифи давлати Тоҷикистон тасвиб гардид.

Анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 26-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешуд, ба далели банд будани роҳ дар гарданаи Шаҳристон ба чаҳоруми декабр гузошта шуд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳизби мухолифи ҳукумати ин кишвар, моҳи марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Масъулони ин ҳизб мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бештар аз 7 ҳазор нафар узвияти ин ҳизби сиёсиро доранд.

Ин ҳизб замоне ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб, он вақт ба унвони мушовири ҳуқуқии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекард. Оқои Зоиров пас аз сабтиноми ҳизбаш дар Вазорати адлия аз мушовирии раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфо дод ва ба фаъолияти худ ҳамчун раиси ҲСДТ идома дод.

Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии солҳои 2005 ва 2010 иштирок кард, вале аз курсиҳои порлумон бенасиб монд. Масъулони Кумиссиюни интихбот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин ду интихобот ҲСДТ раъйи ками мардумро ба даст овардааст. Иддаое, ки Раҳматилло Зоиров борҳо онро рад карда ва баръакс мақомотро ба таққалуб дар интихобот муттаҳам намудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG