Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори дипломати Амрико бо раисиҷумҳури Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ёвари вазири хориҷаи Амрико Роберт Блейк рӯзи 3 декабр дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Ӯ гуфт, мавзӯъи асосии сӯҳбати онҳо вазъи Афғонистон ва анҷумани Бонн буд. Дидори Блейк аз Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки матбуоти Русия дар бораи азми Амрико барои таъсиси пойгоҳаш дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. Аммо Роберт Блейк бори дигар ин иддаоҳоро радд кард.
XS
SM
MD
LG