Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 сарбози НАТО дар шарқи Афғонистон


Таркиши бомби канори роҳ мунҷар ба ҳалокати 3 сарбози НАТО дар шарқи Афғонистон шуд. Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико маҳалли бомбгузорӣ ва миллияти кушташудагонро боз накардааст. Аз аввал сол дар Афғонистон 519 сарбози НАТО, бо шумули дастикам 389 сарбози Амрико, ҷон бохтаанд. НАТО ахиран бештари нирӯҳояшро аз ҷануби ба шарқи ин кишвар эъзом кард, ки ба маҳзи марзи тӯлонӣ ва бозе ки бо Покистон дорад, як ҷабҳаи асосии ҷанги чирикиҳо алайҳи нирӯҳои эътилоф ва Урдуи Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG