Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Эрон аз мавзеъи Лондон


Эрон гуфт, буҳронаш бо Лондон бар сари ҳамла ба сафорати Бритониё дар Теҳрон набояд барои кишварҳои дигари Аврупо масъала шавад. Хабаргузории нимарасмии Форс аз қавли сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст навишт, ки давлати Бритониё талош дорад, “мушкили байни ҳардуи моро” ба кишварҳои дигари Аврупо густариш диҳад. Дипломатҳои эронии аз Лондон ихроҷшударо бо вуҷуди мухолифати давлати Эрон ба ҳар навъ маъракаи истиқболи гарм дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳудуди 150 нафар истиқбол карданд. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг рӯзи 30 ноябр, дар посух ба ҳамлаву ғорат ва баста баста шудани сафорати Бритониё дар Теҳрон, ба дипломатҳои Эрон амр дод, ки ин кишварро тарк кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG