Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Ихвонулмуслимин аз рақибонаш


Ихвонулмуслимини Миср аз рақибони худ даъват кард, то иродаи дар даври аввали интихоботи парлумонӣ нишондодаи мардумро бипазиранд. Натоиҷи даври аввал ҳокист, ки ҳизби ташкилдодаи Ихвонулмуслимин аксарияти курсиҳо дар нахустин парлумони дар 60 соли охир ба таври озод интихобшудаи Мисрро ба даст меорад. Ихвонулмуслимин дар изҳороташ мегӯяд, “онҳое ки ноком шуданд... бояд ба хидмати мардум бештар саъй варзанд, то ҳимояти онҳоро дар навбати оянда ба даст биоранд.” Аммо аҳзоби дигар ҳизби Озодӣ ва Адолати ихвониҳоро айбдор мекунанд, ки бо ироаи ғизову давои арзон ба интихобкунандагон таъсир карда, қоидаҳои раъйгириро поймол кардааст.
XS
SM
MD
LG