Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Рақобати ҳафт ҳизб барои Думаи давлатӣ


Имрӯз дар Русия ҳайъати ҷадиди Думаи давлатӣ- маҷлиси поёнии парлумони ин кишварро интихоб мекунанд.

Ҳудуди 110 миллион нафари соҳиби раъй аз байни номзадҳои 7 ҳизб бояд 450 вакили Думаро интихоб намоянд.

Барои таъмини ширкати шаҳрвандони Русия дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 декабр сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон 6 қитъаи раъйгирӣ ташкил кардааст. Сафорат мегӯяд, дар Тоҷикистон тақрибан 20 000 шаҳрванди Русия ба сар мебарад.

Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид"-и Владимир Путин, ки дар ҳайати кунунии Дума аксарияти кулли оро, яъне 315 курсиро дар даст дорад, ин бор шояд ба чунин муваффақияти бечунучаро даст наёбад.

Тибқи назархоҳиҳои анҷомшуда, мизони ҳимоят аз "Русияи воҳид" зери 40 дарсадро ташкил медиҳад, ки барои ҳизби ҳукмрон зарбаи ҷиддист. Чунин заиф шудани "Русияи воҳид"-и Путинро, ки мунтақидон ҳатто “ҳизби дуздону айёрон” ба қаламаш медиҳанд, аломати афзоиши норизоияти мардум аз сиёсате медонанд, ки инак 12 сол боз амалан дар султаи сарвазири кунунӣ Владимир Путин қарор дорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳизб бо истифода аз “манобеи маъмурӣ”, аксарияти курсиҳои Думаро ҳифз хоҳад кард, вале на аз се ду ҳиссаеро, ки барои тағйири минбаъдаи Қонуни асосӣ ва тасвиби қарорҳои дигари конститутсионӣ кифоят кунад.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00
Линки мустақим

Ё БА ЗОРӢ, Ё БА ЗӮРӢ, Ё БА ЗАР...

Михаил Виноградов, коршиноси рус
Михаил Виноградов, коршиноси рус
Коршиноси рус Михаил Виноградов мегӯяд, ба ҳар сурат, сози аввалро дар Думаи оянда боз ҳам "Русияи воҳид" бозӣ хоҳад кард. Ӯ гуфт, "фикр мекунам, шонси "Русияи воҳид" барои касби аксарияти конститутсионӣ ба таври ҷиддӣ пойин рафт, вале аз сӯи дигар, гумон аст, ки ин чизеро зиёд тағйир диҳад. Думаи давлатӣ як маркази мустақили қабули қарор ва таҳияи сиёсати давлат нест. Сониян, дар сурати пеш омадани зарурати тағйири Қонуни асосӣ, ба "Русияи воҳид" лозим мешавад, ки бо аҳзоби дигар эътилоф бандад.”

Ба ақидаи таҳлилгарон, ҳизби ҳокими Русия метавонад бархе аҳзоби дигарро дар чунин мавридҳо “бихарад”. Ба таъбири маъруф, “ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар.”

ИМТИҲОНИ "РУСИЯИ ВОҲИД"

Аммо ҷавви ҳоким бар интихоботи раёсатҷумҳурии 4 марти соли оянда, ки интизор меравад, Владимир Путинро дубора ба курсии раёсатҷумҳурӣ баргардонад, низ дар ҳамин раъйгирии рӯзи 4 декабр маълум хоҳад шуд. Путин барои 4 сол ин курсиро ба ёри содиқаш Дмитрий Медведев, ба қавле, “иҷора” дода буд, то заминаи ҳуқуқии тамдиди замони раёсати худи ӯ дигарбора фароҳам шавад.

Феҳристи номзадҳои "Русияи воҳид"-ро акнун Медведев раҳбарӣ мекунад. Интизор меравад, баъди бозгашти Путин Медведев ба курсии кунунии ӯ , яъне сарвазирӣ бинишинад. Медведев боисрор мегӯяд, ки дар интихобот ҳамаи аҳзоб имконоти баробар доранд, вале ҳамагӣ 2 рӯз пеш аз ин маърака ҷарима бастани созмони “Голос”, ки бо ҳимояти молии давлатҳои Ғарб ба сабти мавридҳои нақзи қонун дар интихоботи Дума машғул буд, як аломати асабонияти мақомоти Русия аз корзори интихоботӣ талаққӣ мешавад.

"ТАҚАЛЛУБ СУРАТ МЕГИРАД..."

Ба интизори таҳлилгарон, мизони тақаллуб дар интихоботи 4 декабр хоҳад афзуд ва мақомот ҳатман талош хоҳанд кард, то маҳорати афзудаи худ дар амри истифода аз манобеъи маъмуриро ба кор баранд, ки як роҳаш бо ҷалби ҳатто иҷбории орои кормандони идороти давлатӣ таъмин кардани фоизи лозим барои "Русияи воҳид" аст. Аммо ба бовари онҳо, бо ин вуҷуд, ин ҳизби ҳокимро интихоботи мушкиле дар пеш хоҳад буд.

Павел Салин аз маркази арзёбиҳои сиёсӣ дар ҳадди “90 дарсад” мутмаин аст, ки "Русияи воҳид" аксарияти конститутсиониро аз даст хоҳад дод: “Аз ҷанҷолҳои тавассути Интернет расонаишуда мебинем, ки мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони "Русияи воҳид" тамоми талошро барои истифода аз манобеъи маъмурӣ ба кор бурда истодаанд. Аммо тавре таҷруба нишон медиҳад, агар ҳизби 20 дарсади ороро ба даст биорад, ба ҳеҷ роҳе наметавон ба орояш 50 дарсади дигар афзуд. Манобеъи маъмурӣ вобаста ба минтақа метавонанд орои ҳизбро ҳамагӣ аз 10 то 20 фоиз бештар кунанд.”

РАҚОБАТИ ҲАФТ ҲИЗБ

Дар маҷмӯъ, барои курсиҳои Думаи давлатӣ 7 ҳизб вориди рақобат шудаанд ва тибқи қонун, фақат аҳзобе ба порлумон роҳ меёбанд, ки садди 7-дарсадиро убур кунанд. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки ба ҷуз аз Русияи воҳид, Ҳизби либерал-демократи Владимир Жириновский, Ҳизби
коммунисти Геннадий Зюганов ва Ҳизби Русияи боадолати Сергей Миронов аз ин садд хоҳанд гузашт. Мизони ҳимоят аз 3 ҳизби дигар – “Яблоко”-и Григорий Явлинский, “Правое дело”, ки қабл аз оғози корзор ҳомии молиаш – миллиардер Михаил Прохоровро ронд, ва ҳизби қавмгарои “Патриотҳои Русия” дар ҳадди “ё-ё” будааст.

Аммо муносибати аҳзоби мухолифе, ки ба интихоботи 4 декабр роҳ наёфтанд, ба ин раъйгирӣ фарқ мекунад. Борис Немтсов ва сарвазири собиқи Русия Михаил Касянов аз ҳизби сабтиномнашудаи ПАРНАС ин раъйгириро “ғайримашрӯъ” хонда, ба бойкоти он даъват мекунанд.

Блогнависи маъруф Алексей Навалний ва вазири собиқи энержӣ Владимир Милов, аз сӯи дигар, аз тарафдорони худ даъват кардаанд, то ба ҳар ҳизби дигар, ба ҷуз аз Русияи воҳид, райъ диҳанд, то шумори курсиҳои ҳизби ҳоким дар Думаи оянда кам шавад.
XS
SM
MD
LG