Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 тан дар задухӯрди Идлиб


Фаъолони Сурия мегӯянд, даргирии байни нирӯҳои артиш ва сарбозони фироркарда дар шимолуғарби ин кишвар дастикам 15 кушта ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон, дар даргирии субҳи шанбе дар Идлиб 7 сарбозу пулис, 5 сарбози фирорӣ ва 3 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Ба ҳисоби СММ, тайи қариб 9 моҳи эътирозҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия беш аз 4000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG