Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи издиҳом ба майхонаҳо дар Курдистони Ироқ


Манобеъи амниятии Курдистони Ироқ мегӯянд, издиҳом дар шаҳри Захо, 475-километрии шимолуғарби Бағдод, дар паи як мавъизаи тунди баъди намози ҷумъа ба дӯконҳои фурӯши машрубот, толорҳои масҳ ва меҳмонсаройҳо ҳамла кардаанд. Ассошиэйтед Пресс аз қавли ду мақоми пулис дар бораи ҷароҳат бардоштани 30 нафар, бо шумули 20 маъмури пулис, хабар дод. Захо дар ҳудуди таҳти назорати давлати мухтори Курдистони Ироқ воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG