Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатҳои эронӣ ба Теҳрон баргаштанд


Сафорати Эрон дар Лондон дар тараддуди сафар

Дипломатҳои эроние, ки аз Лондон дар посух ба ҳамлаҳо алайҳи таъсисоти Бритониё дар Теҳрон ихроҷ шуданд, ба Эрон расиданд. Хабаргузории расмии ИРНО гуфт, бо вуҷуди мухолифати давлати Эрон аз ҳар навъ маъракаи истиқболи гарм ҳудуди 150 нафар ба истиқболи ин дипломатҳо дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҷамъ шуданд. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг рӯзи 30 ноябр ба дипломатҳои Эрон 48 соат фурсат дод, ки ин кишварро тарк кунанд. Ин иқдом ба дунболи дучори ҳамлаву ғорат ва ба ин далел баста баста шудани сафорати Бритониё дар Теҳрон иттихоз шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG