Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти як узви тоҷики ҳизби Таҳрир дар Маскав


Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи мазҳабӣ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шудааст. Додгоҳ Абдураҳим Тошматовро дар таблиғи ақоид ва тавзеъи шабномаҳои Ҳизби Таҳрир дар масҷиди ҷомеъи Маскав муҷрим шинохт. Ӯ дар миёнаҳои моҳи август, дар рӯзҳои моҳи Рамазон боздошт шуда буд. Ҳизби Таҳрир гурӯҳи пинҳонкорест, ки барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон аз соли 2001 ва дар Русия аз соли 2003 манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG