Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба даст овардани ризқи ҳалол ибодат аст"


Рӯзгори як маълул дар остонаи Рӯзи байналмилалии маълулон, ки ҳамасола 3-юми декабр таҷлил мегардад.

Яқиншо Яқиншоев он лаҳзаро ҳеч ба ёд овардан намехоҳад, ҳангоме, ки дар роҳи ҳаракат дар масири Хоруғ-Поршиневи Шуғнон, автомашинаи онҳоро зиреҳпӯши марзбонони рус зер кард. Ронанда дар ҷояш ба ҳалокат расида, Яқиншо се моҳ дар шуъбаи беҳискунӣ ва ҷарроҳии бемористони Хоруғ беҳуш мехобид. Пизишкон ба зинда мондани Яқиншо бовар надоштанд, аммо талош барои ҳаёт баъзан муъҷиза меофарад. Пас аз ду соли муолиҷа дар бемористон ва хона, Яқиншо ба по хест. Вай мегӯяд: "Ман мурдаи тайёр будам, ҳеч кас бовар намекард, ба зинда мондани ман, аммо худованд меҳрубон аст.»

Яқиншо бо кӯмаки аҳли хонавода ҳаракат мекард, вале азму ирода кард, ки гарчӣ маъюби дараҷаи аввал ҳасту хостаашро аҳли хонавода бароварда мекунанд, вале набояд ба гардани касе сарборӣ бошад. Ҳамин буд, ки тиҷорат, яъне майдафурӯширо пеша кард. Аввал кабинаи маршруткаи куҳнашуда ба макони савдои молаш табдил ёфт, вале пасон бародаронаш барояш ба ҷойи ин хонаи сарди оҳанин аз тахта мағоза сохтанд. Яқиншо мегӯяд: "Худованда бароям нишон дод, ки кадри зиндагӣ чист. Ризқ бо нишастан ба даст намеояд. Бароям агарчанде майдафурушӣ, яъне аз саҳар то бегоҳ нишастан душвор ҳаст, вале ман бояд кор кунам.

Яқиншо мегӯяд, ки талбандагӣ ба табиати вай мувофиқ намеояд. Вайро ҳатто рафтори чанд тан аз маъюбон, ки бо талбандагӣ ва ё аз ҳунарашон пул кор мекунанд, вале онро барои нӯшидани шароб ва корҳои дигари бехуда сарф мекунанд, ба хашм оварда, барои баргардониданашон ба роҳи рост онҳоро насиҳат кард.

ЯҚИНШО ЗАБОН МЕОМӮЗАД

Яқиншо худаш фурсатро ғанимат дониста забони англисӣ меомӯзад. Агарчанде садама ба ҳофизааш таъсири сахте расондааст, вале дар муошират бо сайёҳон акнун ба тарҷумон эҳтиёҷ надорад. Яқиншо шеър ҳам менависад: "Сабаби рӯ овардан ба маънавиёт ин аст, ки вақтҳои пеш ҳушу гӯшам, ба ин чиз набуд, дунёпарастӣ кардам, ҳозир бошад шеър менависам, миннати худованд нашавад, тақводорӣ мекунам."

Субҳидам Ҳангоме, ки Яқиншо аз хона ба сӯи мағоза меравад, дар роҳ даҳҳо кас сидқан барояш изхори кӯмак мекунанд, вале Яқиншо мегӯяд, ки борашро бояд худаш ба манзил расонад. Вай меафзояд: "Ман бояд корамро худам анҷом диҳам, дигар ин, ки аз ҳаракат рагу пойҳоям қувват мегиранд, аз ин рӯ намехоҳам, ки корамро ба гардани касе бор кунам.

-Шумо дар мағозаи сари роҳ ба фурӯш машғул буда, ҷараёни зиндагиро назора мекунед. Чи чиз аст, ки аз ҳама бештар Шуморо нороҳат месозад,-мепурсам аз Яқиншо.

-Беҳудагардӣ ва машрубот нӯшидани ҷавонон маро хеле дилгир месозад, ман ба ин гуна ҷавонон мегӯям, ки ба қадри зиндагӣ расанд ва кор кунанд. Аммо худованд пас аз як рӯзи тарки одати бад мукофот намедихад, вале худованд ризқрасон аст ва подоши зиндагии солим ва меҳнати ҳалолро дер ё зуд медихад,-посух медихад вай.

Яқиншо мегӯяд, ки аммо рафтор ва маънавиёти насли наврас вайро мутмаин месозанд, ки ҷавонони оянда камбудиҳои камтаре хоханд дошт.

Яқиншо пас аз маъюбӣ оила барпо карда, бо завҷааш бори зиндагиро якҷо мекашанд. Яқиншо ба тиҷорату завҷааш ба кишоварзӣ машғул ҳастанд. Вай мегӯяд, ки ирода ва ҳадаф ду мафҳуме, ҳастанд, ки шахс агар маълул ҳам бошад, ба мақсад мерасад.
XS
SM
MD
LG