Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоир дар ғайриқонунӣ паҳн кардани нашрия айбдор мешавад


Як шоир ва сардабири нашрияи маҳаллӣ барои ғайриқонунӣ пҳн кардани рӯзномааш мавриди пайгарди қонун қарор гирифтааст.

Георгий Станкевич, ки худ омӯзгор аст ва аммо ҳамчун шоир ва овозхон низ шӯҳрат дорад, дар шаҳри Бешанковичи рӯзномаи «Кривинка»-ро ҳам чоп мекунад. Ва аммо ин рӯзнома фақат замоне чоп мешавад, ки Станкевич барои чопи нашри дар матбаа маблағ ҷамъ оварад. Рӯзнома сабти ном нашудааст, аз ин рӯ ҳамагӣ 290 нусха чоп мешавад.

Ба навиштаи бахши белорусии Радиои Озодӣ, моҳи гузашта ду зан ба полис шикоят бурдаанд, ки ҳарчанд ба «Кривинка» обуна нашудаанд, онро пайваста дар қуттиҳои почтаи худ пайдо мекунанд. Станкевич рӯзи 5 ноябр ҳангоми паҳн кардани шумораи навбатии нашрияаш аз сӯи кормандони полис боздошт шуд ва алайҳи ӯ бо иттиҳоми «ғайриқонунӣ паҳн кардани расонаи хабарӣ» парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ахиран мурофиаи додгоҳии шоиру рӯзноманигор то 5 декабр мавқуф гузошта шуд, то дар он ду зани аз болои Станкевич ба полис шикоятбурда ҳам ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG