Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 толиб дар задухӯрд дар марзи Афғонистон


Артиши Покистон хабар дод, ки дар як задухӯрд дар марз бо Афғонистон дасти кам 7 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд.

Носир Ҷадун, як сухангӯи артиш гуфт, ки даргирӣ дар мавзеи Чиртал бо толибоне ба вуқӯъ пайваст, ки аз вилояти Кунар сӯи як постгоҳи марзӣ аз миномётҳо оташ кушоданд. Аз оташи ҷавобии низомиёни покистонӣ ҳафт тан аз толибон ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи артиш афзуд, ки баъд аз амалиёти низомии артиши Покистон дар минтақаи Малаканд дар ду соли пеш садҳо толибон дар вилоятҳои Кунар ва нуристони Афғонистон панаҳ бурданд.
XS
SM
MD
LG