Пайвандҳои дастрасӣ

Михаил Саакашвили, раисиҷумҳури Гурҷистон, ду тоҷири исроилиро афв кард.

Рони Фукс ва Зеэв Френкел тирамоҳи соли гузашта бо иттиҳоми кӯшиши ришват додан ба як мансабдори гурҷӣ боздошт ва ба мӯҳлатҳои шашуним ва ҳафт сол маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Гурҷистон хабар дод, ки тасмим дар бораи афв бо назардошти вазъи сиҳати маҳбусон ва дархости ҳукумати Исроил гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG