Пайвандҳои дастрасӣ

Каёнӣ дастури нави бархӯрд ба ҳамлаи НАТО-ро содир кард


Постгоҳи низомиёни покистонӣ баъд аз зарбаи ҳавоии НАТО

Постгоҳи низомиёни покистонӣ баъд аз зарбаи ҳавоии НАТО

Низомиёни Покистон амр гирифтанд, ки ба ҳама ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз сӯи низомиёни НАТО оташи ҷавобӣ кушоянд.

Фармондеҳи артиш генерал Ашфоқ Каёнӣ дастури пешинро, ки тибқи он фармондеҳони қисмҳои низомӣ қабл аз оташи ҷавобӣ кушодан аз фармондеҳони воломақом машварат мегирифтанд, лағв кард.

Дастури нав бо зарбаи ҳавоии НАТО ба як постгоҳ дар марз бо Афғонистон рабт дорад, ки бар асари он 26 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд. Баъд аз ин ҳодиса равобити миёни Покистон ва Амрико дубора ба сардӣ гароид.

Паймони НАТО сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Нашрияи Wall Street Journal ахиран бо такя ба манобеи низомӣ навишт, чархболи НАТО баъди он ба постгоҳ зарба задааст, ки низомиёни покистонӣ дар бораи дар ин мавзеъ мустақар шудани афроди мусаллаҳ хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG