Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ходорковский аз паёмадҳои бозгашти Путин


Михаил Ходорковский изҳор намуд, ки бозгашти Владимир Путин ба мақоми раисиҷумҳури Русия боиси афзоиши эътирозҳо дар кишвар хоҳад шуд.

Раҳбари пешини ширкати ЮКОС, ки бо иттиҳоми яғмои нафт, "шустушӯи пул" ва напардохтани молиёт дар маҳбас аст, дар сӯҳбати катбӣ бо сомонаи интернетии Газета ру гуфтааст, ки мардум аз мӯҳлати тӯлонии раёсати як нафар дар кишвар хаста мешаванд.

27 ноябр анҷумани ҳизби «Единая Россия» Владимир Путинро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард. Қарор аст, ки дар сурати пирӯзии ӯ сарвари феълии Русия Дмитрий Медведев сарвазири кишвар таъин шавад.
XS
SM
MD
LG