Пайвандҳои дастрасӣ

Пиллай: аъмоли Димишқро бояд Додгоҳи Ҳейг бозрасӣ кунад


Нишасти изтирории Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар робита ба вазъи Сурия

Нишасти изтирории Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар робита ба вазъи Сурия

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дифоъ аз мардуми осоиштаи Сурия ва ба додгоҳ кашидани масъулини саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ ва дигар далелҳои нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бояд чораҳои қатъӣ андешад.

Навӣ Пиллай, раиси ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ ба думболи ин изҳороташ гуфт, ки поймолшавии оммавии ҳуқуқи башар дар Сурия бояд аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бозрасӣ шавад.

Авзоъ дар Сурия имрӯз дар нишасти изтирории Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Женева баррасӣ мешавад. Авоили ҳафта гузориши комиссиюни мустақили Созмони Милал нашр шуд, ки дар он нерӯҳои амниятии Сурия дар ҷиноёт алайҳи башарият, аз ҷумла, куштор, шиканҷа ва таҷовуз ба номус айбдор шудаанд.

Ба иттилоъи СММ, дар ҳашт моҳи тазоҳурот бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад беш аз чаҳор ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расида ва тақрибан 14 ҳазор каси дигар боздошт шудаанд.

Дирӯз ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуданд, ки алайҳи Димишқ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд то мақомоти Сурияро барои қатъи саркӯбсозии тазоҳургарон водор созанд.
XS
SM
MD
LG