Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ-созмоне фаротар аз Узбакистон?


Аббос Мансур, фармондеҳи ҲИУ
Аббос Мансур, фармондеҳи ҲИУ

Ҳаракати Исломии Узбакистон ахиран талафот дар сафи ҷангҷӯёни худро нашр кард, ки соли 2010 дар амалиётҳои мухталиф кушта шудаанд.

Ин созмони тундрави исломӣ дар торнамои худ акс ва шарҳи ҳоли 87 ҷангҷӯро нашр кардааст ва мегӯяд, 10 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САФҲОИ ҲИУ

Аз ҷумла акси як ҷавоне дар ин вебсайт ҳаст, ки дар даст Калашников дорад ва ӯро Ҳусайн аз Қӯрғонтеппа муаррифӣ кардаанд. Ҳаракати Исломии Узбакистон мегӯяд, Ҳусайн аз ҷумлаи муҳофизони Тоҳир Юлдош, раҳбари ин ҳаракат будааст ва илтиҷои волидонаш барои бозгашт ба Тоҷикистонро рад карда ва баъдан дар амалиёте дар Покистон кушта шудааст. Тамоми ин ҷангҷӯён, ки дар миёни онҳо аз ҷумла 64 афғон, 6 қирғиз ва чаҳор узбак ҳастанд, ё дар амалиёти маъмурони амниятии Покистон, нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва ё дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон кушта шудаанд.

Ҷангиёни ҲИУ дар шимоли Афғонистон
Ҷангиёни ҲИУ дар шимоли Афғонистон
Дар вебсайти Ҳаракати Исломии Узбакистон ҳамчунин акси як нафари дигаре ҳаст, ки ӯро Мазҳариддин бо тахаллуси Устод Аҳмад Абдуллоҳ аз Тоҷикобод муаррифӣ карда ва навиштаанд, ки раҳбари амалиётҳои ин созмони тундрав дар Тоҷикистон буд ва дар амалиёти фирори 25 нафар аз боздошти Кумитаи Амнияти Миллӣ дар Душанбе мусоидат кардааст. Мазҳариддинро маъмурони амниятии Тоҷикистон соли гузашта куштаанд.

Аъзои дигари кушташудаи Ҳаракати Исломии Узбакистон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон аз манотиқи гуногуни кишвар будаанд, сар аз водии Рашт то ба Кӯлобу Язғулом. Аммо дар садри феҳраст исми фармондеҳ Аббос Мансур аз Қирғизистон омадааст, ки ҷойгузини Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи пешини Ҳаракати Исломии Узбакистон шуд, ки ӯ бино ба гузоришҳо соли 2001 дар Афғонистон кушта шуд.

ТАЛОШЕ БАРОИ НИШОН ДОДАНИ МАВҶУДИЯТ

Агарчӣ Ҳаракати Исломии Узбакистон дар гузашта талафот дар сафи ҷангҷӯёнашро зиёд ошкор намекард, аммо иқдоми ахираш ба гуфтаи таҳлилгарон, талоше барои нишон додани он аст, ки бо вуҷуди шикастҳои пай дар пай ва аз даст додани раҳбаронаш ба мисли Ҷумъаи Намангонӣ, Тоҳир Юлдош ва ҳамин Аббос Мансур, ҳанӯз зинда аст.

Аҳмад Рашид, таҳлилгари шинохта аз Покистон, ки ҳоло пойгоҳи аслии Ҳаракати Исломии Узбакистон аст дар ин бора мегӯяд: “Онҳо мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки бисёр фаъол ҳастанд, ҷангро идома медиҳанд, алайҳи НАТО ва дигарон. Мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки фаъолият мекунанд, ҳанӯз аз байн нарафтаанд ва талафот ҳам медиҳанд. “

Аҳмад Рашид, таҳлилгари саршиноси покистонӣ
Аҳмад Рашид, таҳлилгари саршиноси покистонӣ
Аҳмад Рашид ҳамчунин мегӯяд, ҳалокати тақрибан 90 нафар аз ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбакистон талафоти бузурге барои ин созмон аст, ки теъдоди аъзояш чандсад нафарро ташкил медиҳад. Як аъзои муҳими дигаре, ки соли гузашта Ҳаракати Исломии Узбакистон аз даст додааст, Укоша аз худи ин кишвар аст, ки тарғибгари аслӣ ва мошини идеологии ин созмони тундрав дониста мешуд. Укоша дар наворҳои видеоии худ ба истилоҳ “қаҳрамониҳои ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбакистонро” нишон медод, ки чӣ гуна ба ҷанг омода мешаванд, ҳамла мекунанду мекушанд.

ҲИУ- СОЗМОНИ МИНТАҚАВӢ?

Аҳмад Рашид, таҳлилгари покистонӣ мегӯяд, бо назардошти ҷалби аъзо аз кишварҳои дигар ба мисли Афғонистону Тоҷикистону Қирғизистон, Ҳаракати Исломии Узбакистон солҳои ахир мехоҳад нишон бидиҳад, ки дигар ҳадафаш танҳо тағйири сохтор дар Ӯзбакистон нест ва ҳадафи онҳо фаротар аз ин кишвар аст: “Онҳо мехоҳанд нишон бидиҳанд, ки созмони умумии исломӣ ҳастанд, на созмони исломие, барои як кишвар ё минтақа ҳастанд. “

Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли 1996, ки бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд, 33 нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG