Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел ва Саркозӣ барои таҳкими евро талош мекунанд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, имрӯз дар Бундестаг оид ба бӯҳрони қарз дар минтақаи евро суханронӣ мекунад.

Дирӯз раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ изҳор намуд, ки Порис ва Берлин барои қабули тайғирот ба созишҳо бунёдии Иттиҳодияи Аврупо талошҳои муштарак хоҳанд кард. Ин тағйирот ҳама кишварҳои узвро барои риояи ба истилоҳ «интизоми буҷавӣ» масъул хоҳад кард.

Рӯзи душанбе Саркозӣ ва Меркел ба хотири таҳияи мавқеъи ягона дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар саммит, ки қарор аст рӯзи 9 декабр баргузор шавад, роҳҳои минбаъдаи таҳкими евро – пули ягонаи Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG