Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои парокандаи эътироз дар назди сафорати Русия


Бинои сафоратхонаи Русия дар Душанбе
Бинои сафоратхонаи Русия дар Душанбе

Бо даъватҳои интернетӣ ва телефонӣ теъдоде аз ҷавонон дар атрофи сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Субҳи рӯзи ҷумъа гурӯҳҳои хурди ҷавонон дур аз ҳамдигар дар хиёбони назди сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд ва бархе аз ҷамъомадагон мегӯянд, шунидаанд, ки дар ин ҷо ба нишони эътироз аз қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия гирдиҳамоӣ доир мешавад.

Яке аз онҳо Алексей Садриддинов, мегӯяд, эълони ҷамъомад дар назди сафоратро се рӯз пеш шунида ва ин се рӯз аст, ки ба ин ҷо меояд, то бо ширкат дар таҷаммӯъ назари шахсии хешро иброз дорад: "Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз ҳама бештар корҳои "сиёҳ"-ро анҷом медиҳанд, вале бо вуҷуди он, онҳоро гунаҳкор медонанд. Мо бояд ҳатман дар назди сафорати Русия гирдиҳамоӣ доир намоем ва садои худро ба гӯши мақомоти Русия бирасонем. Бубинед, вақте халабонҳоро дар ин ҷо маҳкум карданд, онҳо дар Русия таҷаммӯъ карданд ва даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд. Аммо дар ин ҷо чун 2-3 нафар бо ҳам меоянд, пулис монеи ин кор мешавад."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
Линки мустақим


Ҳамсӯҳбати мо гуфт, кормандони умури дохилӣ вақте мебинанд, ки чанд нафар ин ҷо ҷамъ мешаванд, наздик меоянд ва талаб мекунанд, ки ҷамъомадагон пароканда шаванд.

Як ҷавони дигар дар ин ҷо низ гуфт, агар одамон тазоҳурот карданиянд, касе, дида намешавад, ки сарварии ин гирдиҳамоиро бар дӯш бигирад. Аз сӯи дигар афзоиши теъдоди кормандони умури дохилӣ дар атрофи сафорат як чораи эҳтиётӣ ва пешгирӣ аз тазоҳуроти эҳтимолист. Иттифоқан, дар байни ҷамъомадагон чанде аз рустаборони Душанбе низ буданд.

Коршиносон тахмин мезананд, ки овозаи тазоҳурот аз тариқи интернет ва шабакаи Фейсбук паҳн шудааст. Чанд нафар аз онҳое, ки ахиран як номаи эътирозиро ба унвони президентҳои Русия ва Тоҷикистон дар Фейсбук имзо кардаанд, пешниҳод намудаанд, ки бо расидани тобути муҳоҷирони тоҷик аз фурудгоҳ то назди сафорати Русия раҳпаймоӣ доир кунанд. Аммо ин пешниҳод ба мухолифатҳо рӯбарӯ шуда, зарурати иҷозаи мақомоти давлатии Тоҷикистон ва мушаххас шудани масъулони ташкили раҳпаймоӣ матраҳ шудаанд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳеҷ гуна дархости баргузории тазоҳуротро дастрас накардааст.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00
Линки мустақим


Қатли ваҳшиёнаи ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия -- Бахтиёр Расулов дар Санкт-Петербург ва Зокир Қурбонқулов дар Маскав дар пасманзари бӯҳрони муносибатҳои байни Маскав ва Душанбе ҷомеаи Тоҷикистонро такон ва муносибати дар гузашта ба сурати умум дӯстонаи мардумро ба Русия тағйир дод. Норозиён аз вазъи мавҷуда талош доранд, бо роҳҳои гуногун мавқеи шаҳрвандии худро дар ин бобат баён намоянд.
XS
SM
MD
LG