Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AФК муайян шуданд


Дар Непал қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё (АФК) дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил шуд ва бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Непал, Ҷазоири Молдив ва Фаластин дохил шуданд.

Чунон ки огаҳед, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи саввуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар як гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар бозии аввал футболбозони тоҷик дар сафар аз рақибони худ бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Бозии дуввуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ 29-уми феврали соли 2012-ум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Чаҳорумин давраи Ҷоми даъвати АФК, ки аз рӯи моҳият дуввумин сабқати тимҳои миллии АФК маҳсуб мешавад, аз 8-ум то 19-уми марти соли 2012-ум дар пойтахти Непал - шаҳри Катманду барпо мегардад.

Ғолиби ин сабқат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012:

Гурӯҳи “А”: Туркманистон, Непал, Молдив, Фаластин.
Гурӯҳи “В”: Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Филиппин.


Тақвими мусобиқот:

Даври 1-ум

8 март (панҷшанбе)
1. Непал - Фаластин
2. Туркманистон – Молдив

9 март (ҷумъа)
3. Кореяи Шимолӣ – Филиппин
4. Ҳиндустон – Тоҷикистон

Даври 2-юм
10 март (шанбе
)
5. Фаластин – Туркманистон
6. Молдив – Непал

11 март (якшанбе)
7. Филиппин – Ҳиндустон
8. Тоҷикистон – Кореяи Шимолӣ

Даври 3-юм
12 март (душанбе)

9. Непал – Туркманистон
10. Молдив – Фаластин

13 март (сешанбе)
11. Кореяи Шимолӣ – Ҳиндустон
12. Тоҷикистон – Филиппин

Даври ниманиҳоӣ
16 март (ҷумъа)

13. 1 А – 2 В
14. 1 В – 2 А

19 март (душанбе)
15. Бозӣ барои ҷойи саввум
16. Бозии ниҳоӣ
XS
SM
MD
LG