Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: "Шумори кушташудагон дар Сурия ба чаҳор ҳазор тан расид"


СММ эълом кард шумори кушташудгон дар Сурия аз оғози эътирозҳо дар ин кишвар ба чаҳор ҳазор нафар расидааст.

Хонум Невӣ Пиллай-кумиссари ҳуқуқи башари СММ дар як конфронси хабарӣ дар Женева гуфт, шумораи кушатшудагон метавонад бештар аз ин бошад. Ин масъули СММ рӯзи панҷшанбе дар як баёния гуфт, ки метавон вазъияти Сурияро ҷанги дохилӣ донист.

Невӣ Пиллай-кумиссари ҳуқуқи башари СММ

Невӣ Пиллай-кумиссари ҳуқуқи башари СММ

Хорум Пиллай гуфт, режими Башор Асад ҳар чӣ бештар бо ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ мешавад, зеро шумораи сарбозоне, ки ба ҷониби мухолифон мегузаранд ва бар зидди ҳукумат аслиҳа ба даст мегиранд, афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи Араб номи 17 мақоми масъули суриягиро, ки аз сафар ба кишварҳои арабӣ мамнуъ шудаанд, эълом кард. Номи Моҳир Ал-Асад, бародари Башор Асад дар миёни ин шахсиятҳо дида мешавад. Моҳир Ал-Асад, фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳури Сурия, шахсияти дуввум дар низоми ин кишвар ба шумор меояд.

Дар рӯйхати афроди мавриди таҳрими кишварҳои арабӣ, вазирони дифоъ, умури дохилӣ ва ҳамчунин масъулони баландпояи дар созмони ҷосусӣ ва афсарони олирутбаи артиши Сурия дида мешаванд.

Номи ин афрод ва ҳамчунин тавсияҳои дигаре барои таҳримҳои бештар алайҳи Сурия тавассути кумитаи вижаи Иттиҳодияи Араб ба раёсати Қатар таҳия шуда ва қарор аст ба нишасти вазирони умури хориҷии узви ин Иттиҳодия дар Давҳа-пойтахти Қатар пешниҳод шавад.

Қарор аст Иттиҳодияи Араб бо ташкили як нишаст, таҳримҳо алайҳи Сурия, аз ҷумла мутаваққиф кардани парвозҳо миёни кишварҳои арабӣ ва Сурияро баррасӣ кунад.

Иттиҳодияи Араб бештар узвияти Сурияро дар ин ниҳод ба таълиқ дароварда ва таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи ин кишвар эъмол карда буд. Танҳо Ироқ ва Лубнон ба таҳримҳо алайҳи Сурия райъ надоданд. Таҳримҳо алайҳи Бонки марказии Сурия аз ҷумлаи таҳримҳост, ки алайҳи ин кишвар эъмол шудааст. Валид Ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия ин таҳримҳоро “ҷанги иқтисодӣ” алайҳи Сурия тавсиф кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG