Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба расонаҳои хориҷӣ пахши гузоришро мамнӯъ кард


Тазоҳурот дар назди сафорати Британия дар Теҳрон

Тазоҳурот дар назди сафорати Британия дар Теҳрон

Бино ба гузоришҳо, Эрон ба хабаргузориҳои хориҷӣ пахши гузориш дар бораи тазоҳуроти эътирозӣ дар назди сафорати Британаия дар Теҳронро мамнуъ эълон кардааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс гузориш дод, ки дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Эрон дар ин бора дастуре содир кардааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш тазоҳуркунандагони ҷонибдори ҳукумати Эрон ба сафратхонаи Британия ва ба манзили дипломатҳои Британия дар Теҳрон ҳамла бурданд. Ҳукумати Эрон пахши гузоришҳо дар бораи тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукуматиро дар гузашта мамнӯъ эълон карда буд, вале бори аввал пахши матолиб дар бораи тазоҳуроти ҷонибдорони худро барои расонаҳои хориҷӣ мамнӯъ эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG