Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории Тоҷикистону Британия дар кони нави тилло


Хабаргузориҳои маҳаллии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки ҳукумати ин кишвар ба ширкати «Крисо Ресорсез» иҷоза додааст, ки дар кони истихроҷи тиллои “Покрӯд” дар ноҳияи Ваҳдат ба истихроҷи тилло машғул шавад. Ширкати «Крисо Ресорсез» баҳори соли оянда дар ин кон ба фаъолият шурӯъ мекунад, вале истихроҷи тилло соли 2013 оғоз меёбад. Дар солҳои нахусти фаъолият соле истихроҷи 2 тон тилло ба нақша гирифта шудааст. Захоири ин кон 100 тон тахмин зада мешавад.
XS
SM
MD
LG