Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Асетияи Ҷанубӣ вазъ аз контрол хориҷ мешавад?


Борис Аттоев

Борис Аттоев

Борис Аттоев-раиси хадамоти амнияти Асетияи Ҷанубӣ ҳушдор дод, ки вазъ дар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ метавонад аз контрол хориҷ шавад. Вай гуфт, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки баъзе тазоҳуркунандагонро “ба аъмоли ғайриқонунӣ таҳрик мекунанд”. Вале вай аз чунин афрод ном набурд. Ҷонибдорони номзади мухолифон Алла Ҷиоева дирӯз дар назди бинои ҳукумат раҳпаймоӣ анҷом доданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи Ҷиоеваро ботил эълон карданд. Аттоев гуфт, баъзе тазоҳуркунандагонро таҳрик мекунанд, ки ба бинои ҳукумат ҳамла баранд.
XS
SM
MD
LG