Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Шумораи кушташудагон дар Сурия ба 4000 нафар расид


Невӣ Пиллай

Невӣ Пиллай

СММ мегӯяд, акнун шумораи кушташудагон дар Сурия ба 4 ҳазор нафар расидааст ва даргириҳо дар ин кишвар ба ҷанги дохилӣ шабоҳат пайдо мекунад. Хонум Невӣ Пиллай-кумиссари ҳуқуқи башари СММ дар як конфронси хабарӣ дар Женева гуфт, шумораи кушатшудагон метавонад бештар аз ин бошад. Хорум Пиллай гуфт, режими Башор Асад ҳар чӣ бештар бо ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ мешавад, зеро шумораи сарбозоне, ки ба ҷониби мухолифон мегузаранд ва бар зидди ҳукумат аслиҳа ба даст мегиранд, афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, таҳримҳо бар зидди бахшҳои молӣ ва энержии Сурия ташдид меёбад.
XS
SM
MD
LG