Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон


Дирӯз Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба идомаи барномаҳои ҳастаии Эрон бар зидди ин кишвар таҳримҳои навро ба тасвиб расонд. Ин иттиҳодия ҳушдор дод, ки имкони таҳрими нафти Эрон низ вуҷуд дорад. Вазирони хориҷа баъд аз мулоқоти Бруссел гуфтанд, ки ба таҳримҳои ин иттиҳодия 180 шахсият ва ширкатҳои дигари эронӣ шомил хоҳанд шуд. Дороӣ ва сафари онҳо ба ҳолати рукуд хоҳад даромад. Аллан Жуппе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса ба хабарнигорон гуфт, вазирон ба тавофуқ расидаанд, ки барои “таҳримҳои ҷиддитару бесобиқа бар зидди бахшҳои молӣ ва нафти Эрон нақшаҳоеро рӯи даст бигиранд”. Дар ҳамин ҳол, Вендӣ Шерман-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, , ки Амрико аз таҳримҳо бар зидди Бонки марказии Эрон ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG