Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Ал Қоида дар бораи гаравгонии корманди имдод


Варрен Вейнштейн
Варрен Вейнштейн
Бино ба гузориши як гурӯҳи нозоратии кашф, Аймон Ал Завоҳирӣ-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида гуфтааст, ки шабакаи онҳо як корманди имдоди Амрикоро, ки дар Покистон рабуда шуда буд, дар гаравгонии худ нигоҳ медорад. Гурӯҳи кашф гуфтааст, Завоҳирӣ дар паёми видеоии худ ба маҷмаи интернетии исломгароҳо таъкид кардааст, Варрен Вейнштейн-коргари солманди USAID, ки 13 август дар Покистон рабуда шуда буд, дар дасти онҳост. Вай гйфтааст, Амрико метавонад саломатии ин корманди 70 солаи худро ба чанд шарт ҳифз кунад. Яке аз ин шартҳо қатъи ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои ҳавоиаш дар Афғонистону Покистон аст.
XS
SM
MD
LG