Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз, 2 декабр


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешбинӣ шудааст, вале шабона дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд борон меборад.

Дар Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона 9-13, шабона 3-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд рӯзона ҳаво 11-14 дараҷа, шабона 5-8 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар Кӯлоб бориш дар назар дошта нашудааст, ҳарорат рӯзона 11-14, шабона 4-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Қурғонтеппа низ бориш дар назар нест ва ҳаво 9-13, шабона 4-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон низ бориш пешбинӣ нашудааст. Рӯзона ҳаво 1-4дараҷа гарм, вале шабона 8-5 дараҷа хунук мешавад.
XS
SM
MD
LG