Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Барак: Ҳамла ба Эрон чораи ахир хоҳад буд


Эҳуд Барак
Эҳуд Барак
Эҳуд Барак-вазири дифои Исроил гуфтааст, кишвараш намехоҳад ба Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад, вале дар баъзе маворид чораи дигар ҳам надорад. Барак зимни суханони худ аз радиои Исроил гуфт, дар марҳилаи кунунӣ Исроил пофишорӣ намекунад, ки ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кунад, вале аз ин тадбир ба унвони “охирин чора” даст намебардорад. Эҳуд Барак изҳори умед кард, ки таҳримҳои зидди Эрон ва тадбирҳои дипломатӣ Эронро водор хоҳад кард, ки аз баҳри барномаҳои ҳастаиаш барояд.
XS
SM
MD
LG