Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай зани қурбонии таҷовузро афв кард


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон занеро афв кард, ки барои зино 12 сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва ҳоло дар зиндон ба сар мебарад. Ин зан қурбони таҷовуз шудааст. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар эъломияе навиштааст, ин зан ва марде, ки бо вай зино карда буд розӣ шудаанд, ки бо ҳам зану шавҳар мешаванд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, зан аз тасмими қаблии худ баргаштааст ва ҳоло ба пешниҳоди қозии додгоҳ розӣ шудааст ва мехоҳад бо марди таҷовузкор хонавода барпо кунад. Қозӣ пешниҳод карда буд, ки агар ин ду нафар ба никоҳи якдигар дароянд, зан аз муҷозот озод мешавад. Вале он вақт зан розӣ нашуда буд. Ҳоло зан бо кӯдакаш дар зиндон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG