Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти таҳримоти Аврупо алайҳи Эрон бузург шуд


Иттиҳодияи Аврупо бинобар сарпечии Эрон аз талаби боздоштани фаъолиятҳои баҳсбарангези атомӣ алайҳи 180 ширкат ва шаҳрванди он кишвар таҳрим эъмол кард. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар шаҳри Брюссел мувофиқат кардаанд, то ҳисобҳои ин ширкатҳо баста ва он афрод аз ҳаққи сафар ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шаванд. Аммо онҳо дар масъалаи таҳрими арсаи нафти Эрон ба мувофиқат нарасидаанд, зеро Юнон, як муштарии аслии аслии нафти Эрон ба ин пешниҳод мухолифат кардааст. Эъмоли таҳримоти иловагӣ алайҳи Эрон ду рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки гурӯҳи тазоҳургарон ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳамла карданд. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин барои саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ алайҳи Сурия таҳрим эъмол карда ва 12 фарди онро аз ҳаққи сафар маҳрум намуда ва ҳисобҳои 11 муассисаи онро бастааст.
XS
SM
MD
LG