Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузорӣ дар Ироқ 10 нафарро кушт


Мақомоти Ироқ мегӯянд, бар асари як бомбгузорӣ, ки ҳамзамон бо сафари Ҷо Байден муовини раиси ҷумҳури Амрико иттифоқ афтод, 10 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамин рӯз афроди мусаллаҳ ба чанд хона ворид шуда ҳашт нафарро ба қатл расонидаанд. Ҳодисаи аввал дар шаҳри шиъанишини Холис ва ҳодисаи дуввум дар шаҳри суннишини Бӯҳриз ба вуқӯъ пайвастааст. Хунрезӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, нерӯҳои ҷангии амрикоӣ баъди ҳашт соли ҳамла ба Ироқ то охири имсол қаламрави Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG