Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама маркази Душанберо бе нерӯи барқ гузошт


Бар асари як садама, маркази шаҳри Душанбе аз ҷумла кохи раиси ҷумҳур аз нерӯи барқ маҳрум шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Азия Плюс", крани бузурги борбардоре дар маҳалли маъруфи бозори “Баракат” афтода ва шабакаи баландшиддати нерӯи барқро хароб кардааст. Бахши бузурге аз маркази шаҳр бе нерӯи барқ мондааст, агарчӣ ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи барқи тоҷик баъзе аз маҳалҳо аз тариқи шабакаҳои дигар бо нерӯи барқ таъмин мешаванд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG