Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиае дар Бадахшон, ки ҷилавгириаш осон буд


Дар як садамаи нақлиётӣ дар Бадахшон ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз баландии 40 метр ба ҷарӣ афтида ва яке аз онҳо ҳалок шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи шӯъбаи ноҳиявии умури дохиӣ Амирҳамза Султонмамадов ин афрод шабона ҳангоми бозгашт аз деҳаи баландкӯҳи Шувдев хамгашти роҳро надида, рост ба ҷарӣ сарозер шуданд. Яке аз онҳо Хайриддин Рукниддинови 63-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, бародараш Алимамад Рукниддинов бо захмҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст. Сокини ноҳияи Роштқалъа Хушомади Алидод мегӯяд, дар ин қитъаи роҳ бори саввум аст, ки фоҷиа рух медиҳад, агарчӣ гузоштани аломати роҳ ва ё сади бетонӣ метавонист, аз ин фоҷиаҳо ҷилавгирӣ кунад. Бародарон баъди таъйини санаи туй ба ин фалокат дучор шудаанд.
XS
SM
MD
LG